СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бо ташаббуси Вазорати адлия дар ноҳияи Муъминобод бо сокинон вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ноҳияи Муъминобод вохӯрии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлия хабар доданд.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ингуна суҳбату вохӯриҳо, таҳким бахшидани ҳамкории мақомот бо ҷомеа ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷавонон, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ байни ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоат муайян намудану рафъи сабабу шароите, ки ба ҳамроҳшавии ҷавонон ба ифротгароӣ мусоидат менамоянд, мобошад.
«Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Сатҳи баланди ташвиқу тарғиби Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат буда, шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон масъулиятнок бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳоро риоя намоянд, аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода баранд ва дар ҷамъият рафтори шоиста дошта, худогоҳу ватандӯст бошанд»,-афзуд вазир.
Таъкид гардид, ки барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.
Профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарипов изҳор намуд, ки ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти давлат диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ба гуфтаи мавсуф, вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо — ин муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Тавре дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ низ пешоҳанг буда, ҷиҳати амалӣ намудани муборизаҳои муштарак бо ин зуҳуроти харобиовар тадбирҳои амалӣ меандешад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид






