СОЛИМИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Соли равон беш аз 87 ҳазор зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 15.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон 87 ҳазору 921 зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашта, дар 806 нафари онҳо иллатҳои модарзодӣ муайян шуд ва таваллуди 612 кӯдаки маъюб пешгирӣ гардид. Аз шумораи нуқсонҳои дарёфтгардида, 101 ҳодиса ба никоҳи хешутаборӣ вобаста мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфти табибон, байни хешу табор генҳои ба ҳам монанд зиёданд. Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди зиёди бемориҳои вазнини ирсӣ, амсоли карию гунгӣ, албинизм, бемориҳои системаи асаб, бемориҳои ирсии мубодилавӣ аз насл ба насл мегузаранд. Инчунин аз волидайне, ки бо ҳам хешутабории наздик (ҳамхунӣ) доранд, зуҳуроти тавлиди насл бо нуқсони модарзодӣ ва мурда бештар ба мушоҳида расида, исқоти ҳамл зиёдтар ба амал меояд. Агар фарзанд аз никоҳи хешутаборӣ солим ба дунё ояд, фарзанд барандаи гени «заиф» мемонад ва оянда дар насли ӯ ин бемории ирсӣ зоҳир хоҳад гашт. Аз ҳамин сабаб никоҳҳои хешутаборӣ хатарнок мебошанд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави мамлакат қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештар ин кӯдакони маъюб модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд».
Дар робита ба ҳамин масъала, аз ҷониби Президенти мамлакат дастур дода шуд, ки барои бунёди оила, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббӣ ва машварати тиббию генетикӣ дар байни никоҳшавандагон пурзӯр карда шавад.
Аз 1 июли соли 2016 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани никоҳи хешутаборӣ» ва «Дар бораи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» мавриди амал қарор гирифтанд. Ҳадафи асосии тағйирот ба Кодекси оилаи мамлакат, солим нигоҳ доштани оила, ки як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа аст, маҳсуб мешавад.
Аз 1 июли ҳамон сол дар Тоҷикистон никоҳи хешу таборӣ қонунан манъ карда шуда, муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, ҳатмӣ гардид ва тибқи қонунҳои мазкур аз ин баъд ҷавононе, ки бо ҳам хеши наздиканд, ба мисли духтархолаю писархола, духтари амаку писари амак, духтари тағо наметавонанд издивоҷ кунанд. Инчунин манъи никоҳи хешутаборӣ дар мамлакат ва аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани ҷавонон қабл аз издивоҷ дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 14 ва 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ҳадафаш солимии ҷомеа ва пешгирии вайроншавии оилаҳо мебошад.
Тавре мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, омилҳои боиси пайдо шудани нуқсонҳои модарзодӣ мегарданд инҳоянд: Якум, омили генетикӣ, яъне никоҳи хешутаборӣ, ки ба паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ оварда мерасонад. Дуюм, омили бемориҳои сироятӣ мебошад. Агар модар ё падар дорандаи бемориҳои сироятии ситомегаловирус, вируси одии герпесӣ ё токсоплазмоз бошад, метавонад сабаби пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ гардад. Сеюм, омили ғизои модар мебошад. Норасоии йод, туршии фолат, вазни зиёд ё ин ки ҳолати диабети қанд ба якчанд нуқсонҳои модарзодӣ вобастагӣ доранд. Масалан, норасоии туршии фолат хатари таваллуди кӯдакро бо нуқси найчаи асаб зиёд мекунад. Чорум, омили экологӣ, таъсири организми модар ба моддаҳои кимиёвӣ, инчунин ба доруҳо ва риоя накардани ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Аз ин сабаб аз тамоми ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз оиладоршавӣ аввал андешаи оянда ва фарзандони солимро кунанд. Иқдоми пеш аз оиладоршавӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон ба фоидаи кор буда, сол то сол сатҳи пайдоиши нуқсонҳои модарзодӣ дар батни модарон кам мегардад.
Табибони тибби оилавӣ ва табибони амрози занона ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки сатҳу сифати хуби хизматрасониро барои аҳолӣ ба роҳ монанд. Корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ва скринингҳои давраӣ, ки дар байни занҳои ҳомиладор гузаронда мешавад, ба хотири дарёфт намудани нуқсонҳои модарзодӣ ва сари вақт қатъ намудани ҳомиладорӣ равона мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






