«Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба ҷамъбасти Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2021-2023 ва муаррифии нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм иттилоъ медиҳад.
Тавре дар ҷаласа гуфта шуд, мақсади асосии Стратегия бунёди низоми самараноки соҳаи маориф, ки имкониятҳои махсус, инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, шуғли кор кардан ва беҳтар намудани некуҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстонро таъмин менамояд, мебошад.
Дар ҷаласа Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: «ҳамаи моро зарур аст, ки ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».
«Дар рафти татбиқи Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» ҷиҳати ба даст овардани нишондоди самараноки амалишавии он, Вазорати маориф ва илм омодааст то бо ҳама вазорату идораҳо ва шарикони рушд ҳамкорӣ намояд»,- афзуд Вазири маориф ва илми мамлакат.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






