ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 июл, чоршанбе, 192-юмин рӯзи соли 2024 аст
10 июли соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, аз шаҳри Истаравшан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, як қатор иншооти навбунёд, аз ҷумла корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон «Олимпия» -ро мавриди истифода қарор дода, бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту суҳбатҳо намуданд.
***
10 июли соли 2012 ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот намуданд.
***
Соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.
***
10 июли соли 2017 Телевизиони Узбекистон филми мустанади «Узбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.
***
10 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд. Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектар, аз ҷумла 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиз»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъди таъмиру навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии он беш аз 2 гектарро дар бар мегирад.
***
10 июли соли 2023 бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» дар шаҳри Бӯстон Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Суғдпак» корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди истифода қарор дод, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини сокинон бо ҷойи кор саҳми арзанда гузошта истодааст.
10 ИЮЛ:
Дар Мавритания — Рӯзи артиш.
***
Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҷаббор Расулов — соли 1913 — Арбоби барҷастаи давлатӣ