ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, душанбе, 197-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 15, 2024 08:00

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

***

15 сол пеш, 15 июли соли 2009 дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо мулоқот намуданд.  Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд байни ду мамлакат  баррасӣ шуд.

***

15  июли соли 2010 Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бо мушовири  Президенти  Иёлои Муттаҳидаи Амрико  дар  масъалаҳои  амнияти  миллӣ Майкл Макфол мулоқот намуданд. Майкл Макфол баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Тоҷикистон  зимни  суҳбати  мухтасар   бо  намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, ки  ҳамроҳи  Президент  проблемаҳо ва масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо ва  зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқот карда, суханронӣ намуданд. Пешвои миллат дар ин мулоқот иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Роғун дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ободиву пешрафти мамлакат, ҳифзу густариши арзишҳои милливу фарҳангӣ бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдӯстӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозиву эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрӯзаи халқамон саҳмгузорӣ менамоянд.

***

10 сол пеш, 15 июли соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузоштанд. Бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд мегардид ва бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.

***

15 июли соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон  чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор» баргузор гардид.

***

15 июли соли 2022  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини онвақтаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи нахустини Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид. Дар он гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ,  дар ҷумҳурӣ 6752 нафар ҳунарманд ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1636 адад ба вилояти Хатлон, 3983 адад ба вилояти Суғд, 828 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 адад ба шаҳри Душанбе рост меоянд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Мақомоти минтақаи миллии пойтахти Деҳлӣ (Ҳиндустон) пас аз он ки сатҳи оби дарёи Ямуна ба баландтарин сатҳи рекордӣ расид, тақрибан 24 ҳазор нафарро кӯчониданд.

15 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.

***

Дар Ботсвана – Рӯзи президент.

***

Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Июль 15, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш