ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, панҷшанбе, 200-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 18, 2024 08:00

18 июли соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақтии Федератсияи Русия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро муҳокима намуданд.

***

18 июли соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти якчанд хоҷагии деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.

***

18 июли соли 2022 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто»-и шаҳри Бохтар шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–мамлакати дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 29 июл идома ёфт.

***

Соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шурои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

18 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела.

***

Дар Испания- Рӯзи меҳнат.

***

Дар Русия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

Июль 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш