ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 июл, шанбе, 202-юмин рӯзи соли 2024 аст

Июль 20, 2024 08:00

20 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони якчанд  вазорату идораҳо ва шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуданд.

***

20 июли соли 2010 дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони илму фарҳанги кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон ду китоби тозанашр-  «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно» муаррифӣ гардиданд. Ин асарҳои арзишманди адабӣ ва хонданӣ ба қалами шоири шодравони афғон Халилулоҳи Халил (1907-1987) ва донишманди покистонӣ Орифи  Навшоҳӣ мутаалиқ буда, ба рӯзгор ва ашъори шоири шаҳири покистонӣ  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ  ва шоири маъруфи афғон Халилулоҳи Халилӣ бахшида шудааст.

*** 

20 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфтанд.

*** 

Дар ин рӯзи соли 2013  Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи корхонаи коркарди нафт ба ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав сафар намуданд. Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияҳои ин водии зарнисор бо шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши деҳқонони хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор оғоз ёфт.

***

11 сол қабл, 20 июли  соли 2013 дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави «Капитал» ба кор дароварда шуд, ки он ба коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр машғул аст.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Боку ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид.

***

20 июли соли 2023 дар Тошканд мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарони Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010» бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи бандҳои Протоколи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, густариши кооператсияи саноатӣ ва ба танзим даровардани содироти ангиштро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

20 ИЮЛ :

Рӯзи байналмилалии шоҳмот.

***

Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Колумбия.

 ***

Дар Кипри Шимолӣ — Рӯзи сулҳ ва озодӣ. 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Сулаймонова — соли 1959- ҳунарпешаи театр.

Июль 20, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш