ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июл, панҷшанбе, 207-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 25, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1947 дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.

***

25 июли соли 1992 дар Барселона бозиҳои тобистонаи олимпии XXV оғоз гардида, 9 август ба охир расиданд.

***

25 июли соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро имзо намуданд.

***

Соли 2008 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли  2013 ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт ҳисоботи телефонӣ доданд.

***

25 июли соли 2017 роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

***

25 июли соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ширкати итолиёии «BTT Impianti» тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири яке аз намояндагиҳои ширкати итолиёии «BTT Impianti» дар Эрон дар Душанбе баррасӣ гардид.

25 ИЮЛ:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.

***

Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.

Июль 25, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш