ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июл, якшанбе, 189-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 7, 2024 08:00

7 июли соли 2008 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии филми «Авруосиё» оғоз гардид, ки дар он  коргардонҳои Тоҷикистон низ чанде аз филмҳои худро пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ҷашнвораи байналмилалии дигари синамо баргузор гардид, ки дар он филмҳои драмматурги шинохтаи тоҷик Шодӣ Солеҳ таҳти унвони «Нони Раштон», «Рӯшноӣ», «Гул», ва «Ҳаром ва Ҳалол» ба намоиш гузошта шуданд.

***

7 июли соли 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё барои дастгирии барномаҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағи 40 миллион доллари амрикоӣ созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.

 ***

7 июли соли 2013 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш дар маросими тантанавии ифтитоҳи Беморхона ва диспансери нави вилоятии бемориҳои сил иштирок намуданд. Шифохона ва диспансери нави вилоятии бемории сил бо 8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва кумаки хориҷӣ бунёд гардида, дорои утоқҳои муҷаҳҳази муоинаю ташхиси беморӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоӣ, ренгени электронии рақамӣ ва ғайра буда, шифохона дорои 60 кати хоб мебошад. Танҳо дастгоҳи рентгени электронӣ, ки навтарин ва нахустин дар Тоҷикистон мебошад, бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ шудааст.

***

7 июли соли 2016 дар Бишкек ба муносибати 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаласаи Шурои сайёҳии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Соли 2022 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2023 баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ба тавсиб расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо иштироки намояндагони осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Русия Форум таҳти унвони «Муколама байни осорхонаҳои Тоҷикистону Русия» баргузор гардид.

7 ИЮЛ:

 Дар Ҷазираҳои Кайман – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Танзания – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Осетияи Шимолӣ – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Июль 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш