«TEENEAGLE». Хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 41 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 30 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ аз рӯйи се категорияи синнусолӣ баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 хонанда соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Тавре дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, олимпиада аз рӯйи се категорияи синнусолӣ ва ду номинатсия байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро 46 хонанда аз муассисаҳои гуногуни таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.
Аз рӯйи номинатсияи «Малакаҳои қабулкунӣ» (шунавоӣ ва хониш) ҷойи якум- 1 нафар, ҷойи дуюм -12 нафар ва ҷойи сеюм- 12 нафар, дар номинатсияи «Малакаҳои истеҳсолӣ» (гуфтугӯӣ ва маҳорати навиштан) бошад, ба гирифтани ҷойи якум -2 нафар, ҷойи дуюм- 5 нафар ва ҷойи сеюм- 9 нафар сазовор гаштанд.
Олимпиадаи мазкур ҳамасола дар давлатҳои гуногун, аз ҷумла, Шоҳигарии Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия барои дӯстдорони фанни забони англисӣ баргузор мегардад. Имсол дар ин олимпиада зиёда аз 2140 нафар хонанда аз 846 муассисаи таълимии дунё ва 66 давлати олам иштирок намуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






