ҶУДО. Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои олимпии Париж- 2024 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 иштирок менамояд. Номбурда дар олимпиада дар вазни то 100 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватовро дар вазни то 60 кг иваз мекунад. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Қобили тазаккур аст, ки Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг бо квотаи қорагӣ соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ шуда буд ва бо сабаби ҷароҳат бардоштан, наметавонад дар мусобиқа иштирок намояд. Ҳамин тавр, ҷойгузини Муҳаммадсолеҳ Қувватов — Ҷаҳонгир Маҷидов, ки имтиёзҳои лозимаро дорад, гардид.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷаҳонгир Маҷидов давоми чанд моҳи охир барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Гранд — Слами Душанбе шуда, мақоми ҳафтуми рақобатҳои Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд. Ёдовар мешавем, ки ҷудокорони тоҷик маротибаи аввал дар таърих соҳиби 6 роҳхати олимпӣ шуданд. Инҳо Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва тариқи квота бошад Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 намояндаҳои ҷудои Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамин тавр, аввалин бор дар таърих шаш ҷудочии тоҷик саҳмияи олимпӣ ба даст овард. Дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи доштани теъдоди саҳмияҳои олимпӣ байни мардон дар ҷудо фақат Ҷумҳурии Узбекистон аз мо пеш аст. Аз дастаҳои мунтахаби Узбекистон 7 нафар байни мардон ва 4 нафар байни занон, Қазоқистон 6 нафар байни мардон ва 3 нафар байни занон, Тоҷикистон 6 нафар байни мардон, Қирғизистон 2 нафар байни мардон ва Туркманистон 1 мард ва 1 зан роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки муҳимтарин чорабинии варзишии имсола — Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ мебошад, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мегардад.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






