«ҲУНАР ОМӮЗ…». Даври ҷумҳуриявии ин озмун ҷамъбаст шуд

Июль 6, 2024 12:05

ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор шуд, ки дар анҷоми он ғолибон барои сазовор гардидан ба ҷойҳои якум, дуюм, сеюм бо «Диплом»-и дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои молию пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин аз макони баргузории ин чорабинӣ гузориш медиҳад, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва як зумра роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Иштирокдорон бо гӯшаҳои ташкилнамудаи ҳунармандони мардумӣ, ки дар онҳо ҳунари кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, попурӣ, намадбофӣ, қолинбофӣ ва ғайра муаррифӣ шуд, шинос шуда, ба маҳсули дасти ҳунармандон, ки бо завқи баланд офаридаву сохта шудаанд, баҳои баланд доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Барои ҳунармандони асил эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро инкишоф диҳанд, барои бештару хубтар кардани маҳсули дасти хеш кӯшиш намоянд»

«Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ривоҷи ҳунармандӣ дар мамлакат чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки дар асоси онҳо барои ҳунармандон имтиёзҳо муқаррар гардид. Ҳунарҳои мардумӣ яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Тавассути маҳсулоти офарида ва ба фурӯш баровардани онҳо, ҳунармандон на танҳо сатҳу сифати зиндагии худро боло мебаранд, балки дар рушди сайёҳӣ дар мамлакат низ саҳм мегузоранд».


Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон буда, инчунин барои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Яке аз довталабони озмун — ҳунарманди чакандӯз аз ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Бибигул Гадоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамасола 50-60 шогирд омода менамояд.

«Миннатдорам аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд ва дар ин давра он ҳунарҳое, ки қариб аз байн мерафтанд, дубора эҳё гардида, рушд ёфтанд»,- гуфт номбурда.

Бибигул Гадоева изҳор дошт, ки «баргузории чунин озмуну фестивал ва дигар ҳамоишҳо барои мо имкон фароҳам овард, ки маҳсули дасти худро ба намоиш ва фурӯш гузорем. Ман дар деҳа як ғурфаи армуғонҳо таъсис додаам, сайёҳон ва меҳмононе, ки ба ноҳияи мо меоянд, ба инҷо омада, армуғон харида, бо худ мебаранд. Маҳсули дасти мо дар чандин намоишгоҳҳои байналиилалӣ низ муаррифӣ гардидааст, ки ин масъулияти моро дучанд мегардонад. Ин моро барои боз ҳам беҳтару хубтар омода намудани либосҳо аз чакан талош намоем».

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо гузаронида мешавад.

Шаҳлои Садриддин,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2024 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад