Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд

Июль 25, 2024 09:56

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиа дар шаш моҳи соли 2024 бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 106 медал ба даст оварданд, ки аз ин 38 медали тилло мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Варзишгарони клуби варзишӣ дар 8 мусобиқаи шаҳрӣ, 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 1 Ҷоми Осиё ва 2 мусобиқаи байналмилаллӣ иштирок намуда, дар натиҷа сазовори 38 медали тилло, 28 нуқра ва 40 биринҷӣ гардидаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, сарбозони қисми ҳарбӣ аз рӯйи 15 намуди варзиш, ки дар Клуби марказии варзишии артиш амал мекунад ба машқу тамрин ҷалб гардида, бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ давлату мардуми Тоҷикистон ва Артиши миллии моро муаррифӣ менамоянд ва ба шарафи ин ҷавонмардон, варзишгарони низомӣ низ Суруди миллӣ  садо додаву Парчами давлатӣ баланд парафшон мегардад.

Тамринҳои пайваста, обутоби бадан, баланд бардоштани маҳорати ҷисмонӣ ва дар маҷмӯъ беҳдошти солимии ҳайати шахсии Артиши миллӣ ин як самти асосии омодагии ҷангӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад,  ҳамасола масъулини ин клуб чорабиниҳои мухталиф дар самти тайёрии ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзиширо берун аз ҷумҳурӣ ва дар дохили мамлакат мувофиқи нақша миёни ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиа, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо ҷалби кормандони дигар сохторҳои қудратӣ доир менамоянд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 25, 2024 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад