Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон иттилоъ медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 25 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли равон аз ҷониби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ ба мамлакат дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли равон воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон 156,5 миллион м3-ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 миллион м3 зиёд аст.
Гуфта шуд, ки дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки аз он 236,6 ҳазор тонна бензини автомобилӣ, 223,2 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ, 22,7 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ, 62 тонна мазут, 27,9 ҳазор тонна битум, 5,4 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ ва 8,2 тонна гази моеъ мебошад.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,6 ҳазор тонна ё 14,3 фоиз зиёд буда, 54 фоизи иҷрои нақшаи тавозуни индикативиро ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид






