ЗАРДОЛУИ ТОҶИКИСТОН. Содироти ин мева сол то сол меафзояд

Июль 5, 2024 09:57

 ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи июни соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз  5 ҳазор тонна меваи тару тоза ба хориҷи мамлакат содирот шудааст, ки 2,7 ҳазор тоннаи онро зардолу ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Инчунин то санаи мазкур аз ҷумҳурӣ  беш аз 34 ҳазор тонна хушкмева содирот гардидааст, ки 13,8 ҳазор тоннаи он  зардолуи хушк мебошад. Содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 ҳазор тонна ва зардолуи хушк 7,6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон боғҳои зардолу  васеъ гардида, кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то моҳи июн 16 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 тонна зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки зардолупарварӣ  яке аз бахшҳои  рушдёфтаи боғдорӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Имрӯз зардолу  ҳам дар шакли тару тоза  ва хушк  дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад. Дар айни замон ҷамъоварӣ, коркард ва содироти зардолу аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 1991 майдони умумии  боғи зардолу дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор гектарро ташкил менамуд. Соли 2024 майдони умумии боғи зардолу ба 64 ҳазор гектар баробар шудааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон майдони умумии боғи зардолу 34 ҳазор гектар васеъ шудааст.

Дар дунё 1600 навъи зардолу мавҷуд аст, ки  қариб 120 намуди он дар Тоҷикистон парвариш мешавад, ки 90 намуди он ба ноҳияҳои Конибодом ва Исфара рост меояд.

Ба зардолупарварӣ асосан ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон- Ашт, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд машғул мебошанд. Ин ноҳияҳо бештар аз 64 фоизи ғулинги Тоҷикистонро истеҳсол менамоянд, зардолузори ин ноҳияҳо қариб 78 фоизии масоҳати умумии боғдориро фаро мегиранд.

Дар шимоли Тоҷикистон асосан навъи зардолуҳои аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷxибоӣ, бобоӣ, руиxонон (сурх), лола, лоларух, учма (сурх, сафед), боқитаппак, обак, маҳтобӣ, луччак, ҷавпазак, шишахурмоӣ, субҳонӣ, нишонбойӣ, қандак, моҳтобпазак, пешпазаки самарқандӣ, арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, исфарак, ниёзӣ, абрикос, ширпайванд, хасак ва ғайра парвариш карда мешавад. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тар ва омода кардани муррабою шарбат мусоид мебошанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»