33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 4 пули мошингузар ва бинои иловагии мактаб сохта мешавад
ВАҲДАТ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 4 пули мошингузар, 3 пули пиёдагузар, дӯкони оҳангарӣ, маркази хизматрасонии Ҳақназар Саидов, бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 ва тарабхонаи замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус раиси Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Пулҳои мошингузар ва пиёдагузари деҳаҳои Шоразми як ва ду ва Чорбоғи як ва ду дар натиҷаи офатҳои табиӣ пурра хароб гардида, рафтуомади сокинон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ тавассути онҳо мушкил гардида буд. Хушбахтона, бо дастгирии сокинон ва соҳибкорон ба маблағи 973 ҳазор сомонӣ пули деҳаи Шоразми як ва ду бо иқтидори 60 тонна бунёд гардид. Пули мошингузари деҳаи Чорбоғ ба маблағи 436 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон ва сокинон баҳри бартараф гардидани норасоии ҷойи нишаст бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №81 иборат аз 4 синфхона ба истифода дода мешавад, ки бо лавозимоти замонавӣ ва мизу курсии нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани соли нави таҳсил ва дарси сулҳ ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат аз ҳисоби соҳибкорону сокинони ҷамоат таъмири пурра гардида, бо мизу курсии нав таъмин ва ба соли нави таҳсил омода мебошанд.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 67 иншоот сохта мешавад.
То имрӯз 37 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






