4 варзишгари тоҷик барои медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе рақобат мекунанд

Август 30, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 варзишгари муваффақи тоҷик барои медали тиллои нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни 70кг байни занон, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65кг байни мардон, Шакармамад Мирмамадов дар вазни  +95кг байни мардон ва  Масъуди Аҳмадзод дар вазни 71кг байни мардон ба даври ниҳоии чемпионат баромада, барои медали тилло рақобат менамоянд.

Дар даври ниҳоӣ варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов бо Муҳсин Ҳисомиддинов аз Узбекистон, Масъуди Аҳмадзод бо Дилшод Бӯриев ва Муллораҷаб Халифаев бо Абрек Нагучев  қувва меозмоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август идома меёбад.

Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 30, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад