40 фоизи чарогоҳҳо аз ҳисоби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар ҷумҳурӣ 40 фоизи чарогоҳҳо аз ҳисоби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудӣ қарор доранд. Инҳо чарогоҳҳои назди деҳаҳо мебошанд, ки истифодабарандагони он сокинон ҳастанд. Дар ин хусус сардори Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» Сафаралӣ Назаров дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафаралӣ Назаров дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳолати чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ беҳтар карда мешавад. Аз ҷониби шарикони рушд барои 5 соли минбаъда 24 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин аз буҷети мамлакат ҳолати 2 ҳазор гектар чарогоҳ беҳтар карда мешавад.
Ба гуфти мутахассисон, омили асосии вайроншавии ҳолати табиӣ дар замини чарогоҳҳо- ин аз меъёри муқарраргардидаи талабот зиёд будани саршумори чорво мебошад, ки боиси поймолшавии растаниҳои чарогоҳӣ мегардад.
Аз ҷиҳати дигар — ин таъсири манфии тағйирёбии иқлим, надоштани хоҷагиҳои махсуси парвариши тухми алафҳои чарогоҳӣ барои хӯроки чорво, набудани нигоҳубини чарогоҳҳо, истифода набурдани нуриҳои органикӣ ва минералӣ, риоя нашудани мавсими истифодаи онҳо, аз ҳад зиёд чаронидани чорво дар як мавзеъ ва ҳолати на он қадар хуби роҳу пулҳо мебошад.
Мутахассисони соҳа бар ин назар ҳастанд, ки майдонҳои калон ва талу теппаҳои атрофи деҳаҳо аз чарондани ҳаррӯзаи чорво ба чарогоҳҳои камҳосил мубаддал гардида, дар онҳо миқдори зиёди рустаниҳои ғайриистеъмолӣ афзоиш меёбад. Мувофиқи тавсияи илмӣ, давоми сол дар як гектар бояд 1 сар чорвои шартӣ ва ё 5 сар моли майда бичарад.
Ба гуфтаи олимону мутахассисони соҳа, чорводорон бояд тарзи истифодаи босамари чарогоҳҳоро омӯзанд ва барои нигоҳдошти минбаъдаи он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Соли 2023 63 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ зиёда аз 500 ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳҳо фаъолият мекунанд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки аксаран дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷойгир мебошанд. Айни замон дар мамлакат «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегардад.
Чарогоҳ манбаи асосии таъминоти чорво бо хӯрок аст. Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қароқулӣ, тибит (пух) ва ғайра таъмин менамояд. Чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ баъди растанипарварӣ дар ҷои дуюм меистад. Дар ноҳияҳои кӯҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад.
Сафаралӣ Назаров иброз намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои танзими истифодаи чарогоҳҳо таъсис шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июли имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 705,7 ҳазор сар чорвои калон ва 7 миллиону 089,7 ҳазор сар гӯсфанду буз парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 саршумори чорвои калон 100,1 ҳазор сар ё 103,8 фоиз ва гӯсфанду буз 479,6 ҳазор сар ё 107,3 фоиз зиёд гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






