Ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2024/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати бонуфузи Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси ин донишгоҳ доктор Алиризо Золӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Меҳмонон дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик, аз ҷумла ёдгориҳои асри санг, асри биринҷӣ, фарҳанги зардуштӣ, давлатдориҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Кушониён, Сосониён, Ҳайтолиён, бозёфтҳои нодири Панҷакенти қадиму Истаравшан, нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии ниёгон, давлатдории Сомониён ва ёдгориҳои нодири ин давра, дар мисоли қасри Ҳулбук ва Меҳроби Искодар, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, таърихи нав ва навтарини халқи тоҷик ва толори Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуданд.
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алиризо Золӣ аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






