Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи зиёда аз 990 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст

Август 5, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали имсол аз Тоҷикистон ба маблағи 997 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 319 миллиону 200 ҳазор доллар ё 47 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Директори агентӣ афзуд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 969 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  314,5 миллион доллар ё 48,1 фоиз зиёд гардидааст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 77,1 ҳазор тонна ба маблағи 28,8 миллион доллар содирот шуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   4,7 миллион доллар ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.

«Агентӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори нигоҳдории сарди маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷудо намудани 1,7 гектар қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои дорои таъйиноти саноатӣ барои бунёди парки технологию логистикӣ қабул гардида, ҳоло масъалаи тарҳрезии инфрасохтори ин иншоот амалӣ шудааст»,-гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои табиӣ дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғоту токзор, инчунин минтақаҳои парвариши сабзавот, кам кардани талафоти ҳосили ғундоштаи маҳсулот Агентии содирот бо ширкати бонуфузи  «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия аз рӯи масъалаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамто надоранд, кор мебарад.

Ин технологияи муосир имкон медиҳад, ки таҷҳизот пай дар пай ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат тавассути ядакҳои нақлиётӣ расонида шуда, дар ҷояш коркард ва резиши маҳсулоти тайёрро ба зарфҳои ассептикӣ анҷом диҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои таъминоти талаботи бозори дохилӣ ва содироти минбаъдаи он ба хориҷи ҷумҳурӣ равона мешавад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»