Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 16 намуди таҷҳизоти техникӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ба ҷузъу томҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои ғаввосӣ 16 намуди таҷҳизоти техникӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар доданд.
Таҷҳизоти техникӣ аз робот, ҳавопаймои бесарнишини зериобӣ, маҷмуаи ғаввосӣ ва таҷҳизоти ғаввосӣ иборат буда, барои сари вақт кор кардан дар амалиёти ғаввосӣ дар чуқурии баҳр ва дарёҳо пешбинӣ шудааст.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки ин таҷҳизот ба кори кормандони шуъбаи наҷот дар анҷом додани амалиёти ғаввосӣ мусоидат мекунанд.
Ин таҷҳизот на танҳо воситаҳои техникии зарурӣ, балки дастгирии назаррас барои беҳтар намудани кор дар самти кумакрасонӣ ба аҳолии зарардида мебошанд.
Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода идома меёбад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






