Ба тибби тоҷик дар самти ташхис ва табобат 62 навгонӣ ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали имсол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 62 навгонӣ, аз ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шуд, иттилоъ дод Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, навгониҳои ба самти ташхис воридшуда бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю рӯда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар шашмоҳаи аввал дар 139 нафар амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2023-124) гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15 адад зиёд мебошад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ 1009 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (327 адад дар дил, 682 адад дар рагҳо) гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 74 адад камтар мебошад. Миқдори амалиёти гузаронидаи ангиография, ангиопластика ва стентгузорӣ мутаносибан 1254 ва 656- ададиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 74 ва 340-ададӣ камтар мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






