БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар кинотеатрҳои Душанбе филмҳои таърихӣ намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтаанд, ки барои тамошои дастҷамъонаи филмҳои таърихӣ дар кинотеатрҳои шаҳр барои сокинону меҳмонони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон шароит муҳайё намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Намоиши филмҳо то таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кинотеатрҳои «Ватан» ва «Зебуниссо» идома меёбад.
Ин иқдом ба хотири бештар огоҳ гардидани насли наврас ва ҷавон аз раванди давлатсозиву давлатдории миллӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масир гирифта шудааст.
9 август дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» намоиш дода шуд, ки онро ҷавонони шаҳри Душанбе тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин филм аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» омода шуда, муаллиф ва коргардони филм Носир Саидов мебошад.
АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






