БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ. Дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Норак 7700 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
НОРАК, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии «Чеварони Лола», «Умедҷон», «Бонувон» ва «Сафина»-и шаҳри Норак барои таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бо либоси мактабӣ дар асоси шартнома 7700 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол ва пешниҳод карда шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак Садбарг Ҳайдарзода иттилоъ дод.
Корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ либосҳои мактабиро дар асоси талаботи дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ истеҳсол намудаанд, ки дорои сифати хуб буда, имрӯзҳо сокинони шаҳри Норак аз он ба таври васеъ харидорӣ менамоянд.
Корманди корхонаи дӯзандагии «Бонувон» Арафа Сафарова гуфт, ки «дар корхонаи мо 5 нафар ба таври доимӣ ва 4 нафар мавсимӣ фаъолият менамоянд. Кормандони мо дар баробари дӯхти либоси мактабӣ тибқи фармоиш боз либосҳои корӣ барои кормандони Неругоҳи барқи обии «Норак», табибони беморхонаҳо, кормандони соҳаи маориф ва дигар намуди либосҳоро медӯзанд. Либосҳои истеҳсолнамудаи мо сифати хуб дошта, сокинони шаҳри Норак аз он харидорӣ менамоянд».
Роҳбари коргоҳи дӯзандагии «Сафина» Тоҷинисо Табарова иброз дошт, ки «мо нақшаи истеҳсоли либоси мактабиро пурра иҷро намуда, дар айни замон ба фурӯши он машғул ҳастем. Маҳсулоти мо нархи дастрас дошта, ба сокинони шаҳри Норак писанд аст».
Роҳбарони корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Норак тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи соли нави таҳсил ба зиёда аз сад нафар хонандагони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон либосҳои мактабӣ туҳфа намоянд. Соҳибкорони шаҳр низ ин иқдомро дастгирӣ намуда, онҳоро бо лавозимоти хониш таъмин менамоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон






