Бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо ҷавонону собиқадорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон байни ҷавонони гуногункасб силсилабарномаҳои иттилоотию маърифатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун ҳамоиши «Ҷавонон, Истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъалаи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакатро дар раванди ободкориву созандагии Ватанамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.
Дар шароити имрӯзаи рушд ва татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дорад, ба варзиш рӯ овардани мардум, бахусус наврасону ҷавонон қобили қабул аст. Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба солимӣ ва осоишу оромии инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои гуногуни сирояткунанда, нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб таҳдид мекунанд, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарини пешгирикунанда мебошанд.
Ҳамзамон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он дар вилояти Хатлон бо собиқадорони соҳаи варзиш мулоқот намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






