ЧЕМПИОНАТ CAFA-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Афғонистон бозӣ мекунад

Август 21, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 август дар Душанбе бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор мешаванд, ки бар асоси натиҷаҳои он иштирокчиёни вохӯрии ниҳоии мусобиқа муайян мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тими Афғонистон бозӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 21:30 оғоз мегардад.

Дар гурӯҳи «В» соати 18:30 бозии дастаҳои наврасони Эрон ва Узбекистон шуруъ мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 21, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт