Дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ 18 паҳлавони тоҷик иштирок мекунад

Август 22, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 30-31 августи соли 2024 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон байни ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5000, 3000 ва 2000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа қувваозмоӣ менамоянд.

Гӯштии миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Гӯштии миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорон дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа -ташвиқу тарғиби гӯштии миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Гӯштии миллии тоҷикӣ ё гӯштигирӣ яке аз намудҳои маъмул буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштигирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштии дунё аз гӯштии миллии тоҷикӣ сарчашма мегиранд. Гӯштии миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат хусусияти худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешавад, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст. Бояд гуфт, ки анъанаи гӯштигирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯштигирӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, таҳияи қоидаҳои нави он, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба ҳамин восита муаррифии гӯштигирӣ дар арсаи байналмилалӣ далели ин гуфтаҳо аст.

Бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 22, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт