Дар Душанбе даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид. Кадбонуҳои чирадаст аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар оғози фестивали «Таомҳои миллӣ» ва Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» иброз намуд, ки «миллати тоҷик бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ дар ҷаҳон мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ кадбонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланд доранд. Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта, давоми ҳазорсолаҳо дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд».
Таъкид гардид, ки санъати омодасозии таомҳои миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба шароити табиии мамлакат-мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон, иқлими субтропикӣ, континенталӣ ва континентиалии дохилӣ рабт дошта, ин омил боиси паҳншавии навъҳои гуногуни таомҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ гардидааст. Халқи тоҷик дар байни дигар халқҳо бо ороиши дастархони миллӣ шуҳрат дорад. Кушодани дастархон анъанаи қадим буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад.



Дар ин рӯз дар ҳар гӯшаи боғ кадбонувон дастархон ороста, навъҳои гуногуни таомҳоро бо маҳорати хосса оро додаанд. Ҳамчунин онҳо ба иштирокдорони фестивал хусусияти таомҳои омоданамударо фаҳмонида, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд. Инчунин кадбонувон ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани оши буридаву туппа, манфиати биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлуҳои барои саломатӣ муфиди баъзе таомҳои миллӣ маълумот доданд.
Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳои имрӯза рафта, ҳоло қариб, ки омода карда намешаванд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
Ҳамчунин аз ҷониби ҳакамон ба тарзи оростани дастархон диққати ҷиддӣ равона гардид. Зеро оростани дастархон аз ҳар кадбону маҳорати хосса талаб менамояд. Иброз шуд, ки бояд дастархон сарфакоронаю моҳирона, зебо ва хушоянд ороста гардад.



Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» дар се давр: ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ғолибони даврҳои якум ва дуюм иштирок намуданд.
Тавре аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал ва озмун бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир мегардад. Ба гуфти масъулин, яке аз ҳадафҳои баргузории фестивалу озмун- ин ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон ва муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.
Дар фарҷом аз ҷониби масъулон иштирокдорони фаъоли фестивал ва озмун бо «Диплом»-у туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд






