Дар Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон идома дорад. Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона шудаанд.
Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ҷавонони фаъоли ду давлат дар ин ҷо ҳузур доранд ва онҳо бо пешниҳоди идеяву лоиҳаҳои нави худ метавонанд дар мустаҳкам намудани дӯстии ду давлат ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон саҳм гузоранд. «Баргузории форум имкон фароҳам меорад, ки дар оянда шартномаҳои ҳамкории дуҷониба ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ имзо гарданд ва дар доираи онҳо корхонаҳои муштарак таъсис ёбанд», -гуфт муовини якуми Раиси кумита.
«Ман фикр мекунам, ки имрӯз заминаи рушди стратегии ду давлат маҳз дар сиёсат ва соҳаи ҷавонон гузошта шудааст. Қазокистонро ҳайати 20-нафара аз тамоми минтақаҳои мо намояндагӣ мекунад. Мо таҷрибаи пешқадами сиёсати ҷавононро дар ду давлат омӯхта, аз ҳамдигар таҷриба гирифтем», — иброз дошт мудири бахши сиёсати ҷавонони вилояти Алматои Қазоқистон Мадӣ Ахметов дар Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 70 фоиз ва дар Қазоқистон беш аз 40 фоизро ташкил медиҳанд. «Бисьёр масъалаҳои мураккаби проблемавӣ ҳастанд, ки онҳоро якҷоя ҳал кардан мумкин аст, лоиҳаҳои хуб низ ҳастанд, ки онҳоро дар якҷоягӣ бояд баррасӣ намуд»,- гуфт ӯ.
Мадӣ Ахметов пешниҳод мекунад, ки ин форум ба таври анъанавӣ ҳар сол дар ду давлат баргузор гардад. «Фикр мекунам, мо атрофи ин масъала кор хоҳем кард ва низ мунтазири он ҳастем, ки ҳамкасбони тоҷикамон дар Қазоқистон соли оянда низ ҳамин форумро баргузор кунанд. Аксари намояндагон бори аввал дар Тоҷикистон ҳастанд ва аз зебоии он хеле дар ҳайрат мебошанд. Душанбе шаҳри хеле зебои сабзи муосири рушдёбанда аст. Ин барои рушди ҷавонон имконияти зиёд фароҳам меорад, зеро тавре мушоҳида намудем, аҳолии шаҳр асосан ҷавонон ҳастанд», — гуфт дар хотима Мадӣ Ахметов.
Ёдовар мешавем, ки кори Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз анҷом меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






