Дар Душанбе масъалаи дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд

Август 7, 2024 17:51

ДУШАНБЕ, 07.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон вохӯрии директори муассиса Мирзо Исмоилзода бо Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Русия Владимир Лопатин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин муассиса.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо иҷрои бандҳои созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба байни Маркази миллии патенту иттилоот ва Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Русияро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба иҷрои он андешидани тадбирҳои судмандро ба нақша гирифтанд.

Аз ҷумла, дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ, омода намудани мутахассисони нархгузорӣ, масъалаҳои ба гарав мондани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар чорабиниҳо муҳокима шуданд.

АКС: Маркази миллии патенту иттилоот

Август 7, 2024 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид