Дар Душанбе Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 17.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо иштироки кормандон ва собиқадорони соҳа ҷамъомади идона баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ хабар медиҳад, пеш аз оғози ҳамоиши тантанавӣ, дар майдони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ техника ва таҷҳизоти вазнини муҳандисӣ аз ҳисоби мошинҳои бокаши наҷотдиҳӣ, аз ҷумла мошинҳои боркаше, ки ҳангоми корҳои пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулода истифода бурда мешаванд, техникаҳои мониторинги мавзеъҳои хавфнок, квадракопторҳо, таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, тиббӣ, ҳамчуни таҷҳизоти махсусе, ки барои ғаввосон ҳангоми пешбурди корҳои ғаввосӣ дар чуқурии зиёда аз 30 метр истифода бурда мешавад, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар оғози ҷамъомади тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорон расонида, иброз дошт, ки тайи се даҳсолаи сипаригардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро дар самти ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди мамлакат аз худ намуда, ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёбад.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки имрӯз кумита дорои инфрасохтори муосири маъмурӣ буда, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявӣ, таълимию методӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ ва наҷотдиҳӣ, Маркази милли омодасозии наҷотдиҳандагон, Хадамоти зиддижола, техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ситодҳо ва иншооти ёрирасони қисмҳои ҳарбӣ мебошад.


Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи иқтидори кадрии кумита таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои касбии баландихтисоси соҳа, хусусан фармондеҳони ҷузъу томҳо ва наҷотдиҳандагон дар дохилу хориҷи мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ меандешад.
Ҳамоиши идона бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби устодони санъати тоҷик таҳия гарида буд, ба анҷои расид.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1994 инҷониб дар мамлакат ҳамасола 17 август Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯзи ташкили Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17 августи соли 1994 таъсис ёфтааст, рабт дорад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давои 30 сол зиёда аз 6 ҳазор шаҳрвандони мамлакат аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ аз ҷониби кормандони ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ наҷот дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки ҳайати кормандони кумита бо ҳисси баланди масъулият ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта, дар лаҳзаҳои мушкилтарин ба кумаку наҷоти мардум мешитобанд ва мардум низ ба онҳо эътимоди комил дорад.
Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иҷрои фармону қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода техникаҳои замонавӣ ва зарурӣ харидорӣ карда шудааст, ки ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода имкон медиҳад, ки дар самти пешгирӣ, коҳиш ва рафъи ҳолатҳои фавқулода босамар фаъолият намояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»























«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






