Дар фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб қариб ба 95 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд

Август 12, 2024 16:48

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи /ҶСК/ «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» имсол қариб ба 95 ҳазор мусофир хизмат расонид, ки беш аз 40 ҳазор нафарро мусофирони омада ва қариб 55 ҳазор нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар ин давра парвозҳои мунтазам танҳо аз ҷониби як ширкати ҳавопаймоии Русия- «Уральские авиалинии» анҷом дода шуданд. Шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонида, ки мунтазам мебошанд, 296 ададро ташкил дод.

Дар ин давра дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ҳолатҳои дер омадани бағоҷ, дуздӣ, норасоӣ ва осебёбӣ сабт нашудаанд. Теъдоди ҳодисаҳои батаъхирмонии парвозҳо 29 адад: 24 хатсайр бо сабаби дер омадани ҳавопаймо, 2 хатсайр бо сабаби боду ҳаво ва 3 хатсайр бинобар сабабҳои техникиро ташкил дод.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 12, 2024 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд