Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ озмоишгоҳи биотехнологӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ озмоишгоҳи биотехнологӣ таъсис дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар озмоишгоҳи биотехнологӣ дастгоҳу лавозимоти гуногуни муосир барои гузаронидани корҳои биотехнологӣ насб гардида, бо реактиву моддаҳои химиявии зарурӣ таъмин карда шуд.
Ҷиҳозонидани озмоишгоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва дигар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродии ҷумҳурӣ мустаҳкам шавад. Инчунин дурнамои таҳқиқоти илмии озмоишгоҳ оид ба рушди илмҳои биотехнологияи муосир, ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир барои рушди ҷанбаҳои бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, ки ба вуҷуд овардани навъу намунаҳо ва генотипҳои устувору сермаҳсули зироати кишоварзиро дар шароити тағйирёбии иқлим суръат мебахшанд, амалӣ ва татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот ба ҳалли масъалаҳои амнияти озуқаворӣ равон карда шавад.
АКС:Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






