Дар Кӯлоб масъалаи пешгирии фавти модару кӯдак баррасӣ гардид

Август 5, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пешгирии фавти модару кӯдак  дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб бо роҳбарият ва кормандони муассиса вохӯрӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин барои бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Дармонгоҳи марказии вилоятии саратоншиносии шаҳри Кӯлоб рафт. Зимнан бо ҷараёни сохтмони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ва Беморхонаи сироятии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани ин иншоот сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон боз ҳам беҳтар мегардад.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 5, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд