Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 180 миллион сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар шаш моҳи соли равон ба 180,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 116,3 % ё 25,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 3 субъекти нав сабт шуд, ки дар натиҷа шумораи онҳо ба 37 адад расида, 21 адади он фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо дорад.
Маҳсулоти дар субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсолшаванда ба Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озорбойҷон ва Туркия содирот мегардад.
Дар айни замон дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ бунёди корхонаи истеҳсоли электромотороллер идома дорад. Ин навъи техника, ки имрӯз дар бозор серхаридор аст, бо истифода аз металли корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешавад.
Барои истеҳсоли чунин техникаҳо муҳаррик ва таҷҳизоти нерудиҳанда аз хориҷи мамлакат ворид карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






