Дар ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарш ба фаъолият оғоз намуд

Август 23, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод коргоҳи истеҳсоли мумфарши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҷасур» ба фаъолият оғоз намуд. Тамғаи асфалти истеҳсолшаванда дар ин коргоҳ «БЗ 117» буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар як соат 30 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар роҳи кӯчаи «Байналмилал»-и шаҳраки Зафаробод мумфаршкунии роҳ оғоз гардид. Дарозии роҳи мумфаршшаванда 600 метр ва паҳноиаш 5 метр буда, масоҳаташ 3000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Хароҷоти умумии мумфаршкунии роҳ зиёда аз 260 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳраку  маҳал ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ идома доранд. Соҳибкорону сокинон саъй доранд, ки бо ин амал дар ободонии  маҳал саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 23, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад