Дар шаҳри Душанбе вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат баррасӣ гардид

Август 21, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 21.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 август дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба «Вазъи пардохти кумакпулиҳои яквақтаина ба оилаҳои камбизоат» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.

Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони (оилаҳои) камбизоат яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бо шарофати заҳмат ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Татбиқи барномаи миллии Кумаки унвонии иҷтимоӣ нишони он аст. Инчунин ба амал баровардани марҳилаи нави ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоӣ инъикосгари ин заҳмат ва ташаббусҳо аст.

Дар раванди амалишавии барномаи қаблӣ барои солҳои 2018-2020 таҳлили низоми таҷрибавии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти хонавода, ки мусбат арзёбӣ гардиданд, имкон дод, ки ин низом дар шашмоҳаи дуюми соли 2020 бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ дар ҳамаи 68 ноҳияи мамлакат амалӣ шуда, зиёда аз 15 фоизи хоҷагиҳоро фаро гирад.

Ин механизм ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд то андозае мусоидат карда бошад ҳам, ҷараёни босуръати иҷтимоию иқтисодӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталиф, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ, таъсис ва ташкили равзанаи ягонаи соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъсиси феҳристи миллии ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ навсозӣ (модернизатсия)-ро тақозо доранд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд