Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон вохӯриҳо доир мешаванд

Август 9, 2024 18:28

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон (10 август) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сокинон, наврасону ҷавонон ва собиқадорони соҳаи варзиш силсилавохӯриҳо идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, чунин вохӯриҳои намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Ҷабор Расулов доир шуданд.

Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз дастовардҳои ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки бо таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои ҷавонпарвари Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити созгори пешбурди фаъолият ва таъмини зиндагии шоиста, донишгоҳу донишкада, муассисаҳои таълимию касбомӯзӣ, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва толору майдончаҳои варзишӣ фароҳам оварда шудааст.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳо касбу донишҳои замонавиро аз бар намоянду дар таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиб гузоранд. Зеро кулли дастовардҳои мо аз ин неъмати гаронарзиш сарчашма мегирад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 9, 2024 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд