Дар Теҳрон ҳамоиши байналмилалии «Мероси Абай-ифтихори ҷаҳонии Қазоқистон» баргузор шуд

Август 20, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон доир ба «Мероси Абай-ифтихори ҷаҳонии Қазоқистон» бо иштироки сафирони давлатҳои аъзои ЭКО, мақомот ва нависандагону пажуҳишгарон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи фарҳангии ЭКО иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Онталап Онолбоев доир ба саҳми Абай дар рушди адабиёти қазоқ ва осори шоир сухан намуда, мероси Абайро муқаддастарин ганҷинаи халқи қазоқ арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки Абай фарди бофарҳанги ҷаҳонӣ аст ва мероси ғании адабии ӯ на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад. Инчунин дар ҳамоиши байналмилалӣ раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО доктор Саъд Хон бо ишора ба нақши унсурҳои гуногуни фарҳангӣ дар эҷоди ҳамгироӣ байни миллатҳои ЭКО изҳор намуд, ки “Абай танҳо як шоир нест, балки як ислоҳталаби иҷтимоӣ аст ва ҷоиз аст, ки идеяҳои ӯ ба забонҳои гуногун тарҷума шаванд”.

Дар ҳамоиш ҳамзамон сафирон ва намояндагони давлатҳои Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон сухан намуданд. Инчунин дар доираи ҳамоиш китобҳое, ки доир ба рӯзгор ва осори Абай нашр шудаанд ва ҳунарҳои дастии мардуми Қазоқистон ба маъраз гузошта шуданд.

Дар робита ба ин бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон 21 август дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад.

Шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев соли 1845 ба дунё омадааст. Номи аслии Кунанбоев Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст. Ин тахаллус қазоқӣ буда, маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6 июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст. Осори Абай Кунанбоев чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.

Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ дида мешавад. Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи фарҳангии ЭКО

Август 20, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд