Дар Тоҷикистон беш аз 197 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли имсол 197 ҳазору 348 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ 796 ҳазору 94 нафарро ташкил медиҳад. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал вобаста ба истифодаи самараноку мақсадноки замин бо онҳо мунтазам кор бурда, дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои саҳмдорон корҳои тарғиботиро идома медиҳанд. Дар ин хусус 29 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки дар шашмоҳаи якуми имсол дар дастгоҳи марказӣ 84 ва дар корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ зиёда аз 2600 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон қабул шуда, тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ гардид. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба қабули шаҳрвандон ва баррасии саривақтии муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби роҳбарият шаҳрвандон қабул гардида, ба ҳалли муроҷиати онҳо мусоидат карда мешавад.
Дар ин давра ҳамзамон дар ҷамоатҳои деҳоти Дар-дар, Айнӣ, Анзоб, Рарз, Шамтуч ва Фондарёи ноҳияи Айнӣ баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо идома ёфт. Дар ин ҷамоатҳо корҳои саҳроӣ пурра ба итмом расида, ҳисоби масоҳати тарҳҳо тибқи нақшаи корӣ давом дорад.
Ҳамчунин корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳияи Панҷ, баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ ва Лакконии шаҳри Исфара, корҳои камералӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои саҳроӣ дар шаҳри Ҳисор идома доранд. Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритус, Кушониён ва шаҳри Бохтар пурра ба охир расонида шуда, бо қарорҳои раисони ин шаҳру ноҳияҳо тасдиқ шуданд.
Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои ноҳияи Ҷайҳун дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ноҳия қарор дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






