Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаҳои Испания ва Нидерландия бозии дӯстона доир мекунад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи оянда дар Душанбе силсилаи бозиҳои дӯстона бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Испания ва Нидерландҳо оид ба футзал, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок мекунанд, баргузор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
5 сентябр тимҳои миллии Тоҷикистон ва Испания ба майдони маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и пойтахт мебароянд. Сипас, рӯзи 7-уми сентябр вохӯрӣ миёни дастаҳои Испания ва Нидерландҳо доир мегардад. Силсилаи бозиҳои дӯстона бо рақобати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Нидерландҳо 8 сентябр ба поён мерасад.
Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мешаванд. Нархи чипта 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамаи мухлисони футзалро ба бозиҳо даъват мекунем!
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






