ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар чемпионати CAFA-2024 муайян шуд

Август 16, 2024 09:16

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини ҳайатро барои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, эълон намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохил гардид.

Дар чемпионати наврасони CAFA-2024 аз минтақа шаш даста – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 16, 2024 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт