ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 муайян гардид
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки дар Малайзия дар 43-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека» иштирок менамояд, эълон намуд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозингар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 омодагӣ мегирад. Дар робита ба ин аз бошгоҳи пойтахт ба тими миллии Тоҷикистон танҳо ҳимоятгар Аҳтам Назаров даъват шуд.
Рустам Ятимов дарвозабони «Ростов» ба далели ҷароҳат доштанаш дар Малайзия дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намекунад. Дарвозабони 29-солаи дастаи «Уфа» Олег Баклов бори аввал ба тими миллии мамлакат даъват карда шуд.
Имрӯз, 31 август дастаи мо барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Мердека тавассути шаҳри Дубай ба Куала-Лумпур сафар менамояд. Дастаи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқот бо тими Лубнон бозӣ хоҳад кард. Дар рақобати дигари ниманиҳоӣ тимҳои Малайзия ва Филиппин вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзи 4 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм ба ҳам меоянд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 8 сентябр доир мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






