Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Чин ва Арабистони Саудиро доварӣ мекунад

Август 29, 2024 12:13

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Довари Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гулмуроди Саъдулло якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» байни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, кор мекунад.

Ба Гулмуроди Саъдуллои 33-сола дар майдон ҳамватанонаш- ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Насрулло Кабиров иҷро мекунад. Дар VAR Сивакорн Пу-Удом аз Таиланд кор намуда, ёвари VAR – довари дигари таиландӣ Торфонг Сомсинг таъйин шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 29, 2024 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд