Хизматчиёни давлатӣ аз Тоҷикистон таҳсилро дар донишгоҳҳои Ҷопон оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 август вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим бо хизматчиёни давлатии мамлакат, ки тибқи барномаи Japanese Development Scholarships (JDS) барои рушди захираҳои инсонӣ дар донишгоҳҳои Ҷопон ба таҳсил шуруъ мекунанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат cафир ба хизматчиёни давлатӣ дар таҳсил ва пажуҳиши илмӣ муваффақият орзу намуда, ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистон ва Ҷопон, бахусус аҳамияти барномаи рушди захираҳои инсониро таъкид кард.
Дар ин самт ҳидоятҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва тасмимҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар муассисаҳои бонуфузи таълимии давлатҳои тараққикарда таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






