ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 3,1 миллион амалиёти пардохти андозҳо ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом дода шуд

Август 8, 2024 15:31

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ қабул гардида, тибқи он тадбирҳо андешида шуданд. Дар ин самт бо 19 бонки асосӣ «Оид ба тариқи  ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ» созишномаҳо ба имзо расонида шуда, барои бо дигар ташкилоти қарзии молиявии хурд ба имзо расонидани чунин созишномаҳо чораҷӯӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод. 

Нусратулло Давлатзода иброз дошт, ки барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд. Дар шашмоҳаи якуми имсол тавассути пос-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 3,1 миллион амалиёт оид ба тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 82 миллион сомонӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳояшонро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 9,5 ҳазор адад зиёд шуда, дар натиҷа беш аз 175 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, ки 70 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин ба ҳолати 1 июли имсол барои андозсупорандагону шаҳрвандон 43 хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ пешниҳод гардида, ташкили чунин хизматрасониҳо ба содаю осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои хоҷагидор ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ мусоидат менамояд.

«Ҳамзамон барои рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкорӣ дар сатҳи замонавӣ солҳои охир байни  Кумитаи андоз, Вазорати молия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии омор, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва якчанд мақомоти дигари давлатӣ созишномаҳо ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзанҳои маълумот ва имконияти техникии вазорату идораҳо додугирифти маълумот дар шакли электронӣ қисман ба роҳ монда шуд. Барои тақвият бахшидани корҳо дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ чораҷӯиҳо идома доранд»,-гуфт Нусратулло Давлатзода.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид