Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ менамояд
ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-23 август дар якчанд ноҳияи кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел дар назар аст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Инчунин сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Кумита аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳо, ҳезум, шикор ва ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ маслиҳат дода намешавад.
Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд.
Инчунин Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки ҳангоми ногаҳон омадани сел аз ошёнаҳои поёнӣ ба болоӣ бароянд.
Мустақилона тарк намудани ҷойи баланд дар мавзеи зери обмонда танҳо дар мавридҳои зарурати расонидани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ё ғарқшавӣ мумкин аст.
Ҳангоми дар об мондан либос ва пойафзоли вазнинро кашед.
Барои дар рӯи сатҳи об мондан чархҳои автомобил ва тасмаҳои наҷотбахшро истифода баред.
Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед!
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






