НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҷудошавии оилаҳо камтар шудааст

Август 5, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 434 никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2023  2417 адад кам аст, иттилоъ дод Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки дар Тоҷикистон омори коҳиши сабти ақди никоҳ мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол дар давраи ҳисоботӣ шумораи талоқҳо нисбат ба соли 2023 коҳиш ёфтааст. Агар соли 2024  4108 ҷуфт ҷудо шуда бошад, пас соли 2023 ин рақам ба 5370 баробар буд.

Бунафша Файзиддинзода  гуфт, ки дар ин давра бо аҳолӣ, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ фаъолона гузаронида шуд. 1879 суҳбату вохӯрӣ, 3689 чорабиниҳои тарғиботӣ- ташвиқотӣ ва маърифатӣ – ахлоқӣ ва 10 122 суҳбатҳои инфиродӣ бо усули «Хона ба хона» гузаронида шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд