НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон имсол ба беш аз 4 миллиард доллар баробар шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба 4 миллиарду 417,4 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 миллиарду 053,1 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода 7 август ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар ин давра воридоти мол 3 миллиарду 421,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 709 миллион доллар зиёд мебошад. Содирот ба 996,2 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 зиёда аз 344,0 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,4 фоиз ва содирот 22,6 фоизро ташкил медиҳад.
Имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 167,0 миллион доллар маъданҳо ва консентратҳо, 95,6 миллион доллар нахи пахта, 90,5 миллион доллар алюминийи коркарднашуда, 23,6 миллион доллар меваю сабзавот, 21,9 миллион доллар ресмони пахтагӣ, 12,1 миллион доллар семент ва 2,4 миллион доллар пӯст содирот гардидааст.
Таъкид гардид, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2023 содироти мол ба Чин 40,1 миллион доллар, Туркия 26,5 миллион доллар, Узбекистон 8,9 миллион доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазоқистон 33,6 миллион доллар, Русия 25,6 миллион доллар, Беларус 1,8 миллион доллар ва Хорватия 1,0 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Инчунин дар ин давра аз давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 414,3 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ, 193,8 миллион доллар воситаҳои нақлиёти сабукрав, 133,1 миллион доллар гази моеъ, 132,2 миллион доллар гандум, 82,2 миллион доллар чӯбу тахта, 71,5 миллион доллар шакар, 44,5 миллион доллар оксиди алюминий (глинозем), 41,7 миллион доллар равғани растанӣ, 39,5 миллион доллар нуриҳои минералӣ, 12,2 миллион доллар орд ва ба маблағи 10,5 миллион доллар неруи барқ ворид карда шудааст.
Дар ин давра воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба миқдори 22 029 адад, равғани растанӣ 3 069 тонна ва гази моеъ ба миқдори 12 282 тонна коҳиш ёфта, маҳсулоти нафтӣ беш аз 73 ҳазор тонна, гандум зиёда аз 42 ҳазор тонна, орд 17305 тонна, нуриҳои минералӣ 53 975 тонна ва шакар 33042 тонна зиёд гардидааст.
Нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2023 воридоти мол аз Швейтсария ба андозаи 337,0 миллион доллар, Русия 172,3 миллион доллар, Чин 134,0 миллион доллар, Қазоқистон 144,0 миллион доллар, Эрон 44,0 миллион доллар, Узбекистон 41,9 миллион доллар, Беларус 39,2 миллион доллар, Корея 13,6 миллион доллар афзоиш ёфта, аз Амрико ба маблағи 104,8 миллион доллар, Олмон 50,5 миллион доллар, Чопон 40,4 миллион доллар, Туркманистон 17,7 миллион доллар, Покистон 5,9 миллион доллар, Литва 2,7 миллион доллар ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,8 миллион доллар кам шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






