Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии «Норак»

Август 30, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак ташриф оварданд.

Боздиди Сарвари давлат бо шиносоӣ бо рафти навсозии неругоҳи Норак ва баъди таҷдид ба истифода додани агрегати чорум оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо маблағи умумии 35 миллиону 193 ҳазор евро равона карда шуд.

Иқтидори тавлиди гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат неруи барқ мерасад.

Агрегати навсозишуда бо пахши тугма аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуда, кори боэътимоди агрегат бо гузоштани танга дар болои он ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш доданд, ки дар доираи лоиҳа корҳои навсозии дигар агрегатҳо ва таҷҳизоти техникиро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

Айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар неругоҳ идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари неругоҳ, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 крани борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии стансияҳои насосии неругоҳ, таҷдиди системаи идора ва назорат ба анҷом расонида шуда, дар маҷмуъ неругоҳи Норак тақрибан мавриди навсозии куллӣ қарор хоҳад гирифт.

То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати неругоҳ ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ (киловолт) ба дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз карда шуд ва анҷоми ин тадбир сифати истеҳсол ва хизматрасониро беҳтар гардонидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар инҷо бо раванди корҳои иҷрошуда дар дарбанди куравии гидроагрегати рақами 4 шинос шуданд.

Дарбанди куравӣ қисми асосии гидроагрегат ба ҳисоб рафта, ҳангоми кушодани он об вориди камераи спиралӣ мегардад ва ба воситаи чарха гидроагрегат ба даврзанӣ медарояд.

Ҳоло дар иншоот корҳои омодагӣ барои навсозии гидроагрегати навбатӣ бо ҷалби кормандону мутахассисони ширкати “Андритс” ва зерпурдратчии он Ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТоҷикСГЭМ” идома дорад.

Ғайр аз ин дар неругоҳ корҳои навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, ивазнамоии автотрасформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ 24 октябри соли 2022 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.
Оғози сафари корӣ ба шаҳри Норак ва ба кор даровардани чархаи чоруми неругоҳи обии “Норак” 30.08.2024

Август 30, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛ — МАЗҲАРИ ИФТИХОР ВА САРФАРОЗИИ ТОҶИКОН. Доир ба он дар Маркази миллии патенту иттилоот ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати адлия Рӯзи Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«МАН — НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ». Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин барои таҳсил аст
«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри ХXI ҷойгоҳ ва мақоми шоиста дорад
Дар Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ЗАН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо